957
(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)
12 Феврал 2015

Дар асоси нақшаи якҷояи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Коммисариати ҳарбӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмат дар Артиши миллӣ ҳамчунин бахшида ба таъсисии Рӯзи Артиши Миллӣ чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мегардад. Нахустин чунин чорабинӣ дар қисми низоми 03377 Комендатураи харбии гарнизони Суғд доир гардид. Дар чорабинии мазкур наздик 200 нафар ҷавонони синни то даъватӣ иштирок намуданд. Сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии чавонон ба хизмати харбии камисаряти харбии шаҳри Хуҷанд капитан Нозимҷон Шоҳмаҳмадов наврасонро бо шароит ва низоми хизмати сарбозон ошно намуд.
Ҳамчунин ба иштирокдорони чорабинӣ тарзи истифодаи яроку аслиха, шароити хобгох, синфхонаи дарсиву истирохати ва ошхона намоиш дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур аз, ки соли 2014 ба ҳукми анъана даромадааст.
Рӯзи дарҳои кушод дар дигар қисмҳои низомии маркази вилоят низ баргузор мегардад.
Шарҳ додан