07 Феврал 2015
Чанде аз қисматҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабили таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соҳаҳо, аз ҷумла маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди соҳаи рушди соҳибкории хусусӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, самти пешгирии амалҳои террористию ифротгароӣ, нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бо ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ахлоқ ва саводи ҷавонон, нақши падару модарон дар тарбияи фарзанд, таҷдиди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои нави кӯдакистонҳо, оиди ҷомеаи солим, оилаи солим, насли солим ва дар маҷмуъ соли 2015 эълон гардидани «Соли оила» ва ғайра мавриди муколамаи иштирокдорон ва баргузоркунандагони чорабинӣ гардид.
Дар ҷамъомаду вохӯриҳо оид ба қимати бузурги барномавӣ доштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, дастгирии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, соҳибкорон, маблағгузорӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки силсилаи мулоқоти зиёиён бо сокинони шаҳри Хуҷанд идома дорад.