05 Феврал 2015
«Боиси сарфарозист, ки бо хидояту рохнамоихои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон варзиш аз нав равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ мебошад ва яке аз намудҳои маъмули варзиш - футбол нерӯест, ки девори қавии байни давлату миллатҳо ва маҳалҳоро рахна карда, дар қалбҳои миллионҳо одамон ҷой гирифтааст.
Дар шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, барномаи мазкур барои равнақу ривоҷи футбол, умуман пешрафти он дар шаҳр ва бештар рағбат пайдо кардани наврасону ҷавонон ба варзиш кӯмак хоҳад кард»-қайд намуд дар суханони шодбошии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Баъдан доири аҳамияти баргузории мусобиқаи мазкур Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда, зикр кард,ки имрӯз дар баробари хизмати софдилона ва таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, кормандони тамоми сохторҳои низомӣ барои рушди варзиш ва нигоҳдории нишондиҳандаҳои варзишии худ саю кӯшиш менамоянд.
Баъди аз садо додани Суруди Миллӣ бозии нахустин байни дастаҳои мақомоти Прокуратураи вилоят ва Нозироти андоз шурӯъ шуд. Бозӣ бо ҳисоби 12 : 5 ба фоидаи дастаи кормандони Прокуратура ба анҷом расид.
Мусобиқаи мазкур то санаи 08 феврал идома ёфта, дар он 13 дастаи кормандони сохторҳои низомӣ иштирок доранд.