22 Январ 2015

Мусобиқа байни наврасони синну соли 2002-2003 аз санаҳои 5 то 10 январи соли равон баргузор гардид, ки дар он 10 даста , 160 нафар нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа дастаи Лининг сазовори ҷои аввал, дастаи Шарора сазовори ҷои дуввум ва дастаи МТМУ №14 сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ҳамчунин байни наврасони синну соли 2000-2001 аз санаҳои 12 то 17 январи соли равон баргузор гардид. Дар мусобиқа 10 даста 160 нафар наврасон иштирок намуданд. Дар натиҷа дастаи Лининг сазовори ҷои аввал, дастаи МТМУ №14 ва дастаи Садаф сазовори ҷои сеюм гардид.
Байни наврасони синну соли 1998-1999 аз санаи 19 январи соли равон баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқа 12 даста 192 нафар наврасон иштирок намуда истодаанд. Ҷамбасти мусобиқа санаи 24 январи соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Голибони мусобиқаи мазкур бо Ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдони карда мешаванд.