25 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд дар доираи моҳонаи синфҳои ибтидоӣ чорабинии беруназсинфӣ таҳти унвони “Мо бачагони хушбахти диёр” баргузор шуд.
Дар маҳфил аз ҷониби муҳассилини синфҳои ибтидоии гимназияи №24 композитсияи адабӣ-фарҳангӣ намоиш дода шуда, дар он он хонадагон суруд, рақс ва шеъру гуфторҳоро бо маҳорати баланд намоиш доданд.
Таъкид шуд, ки кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ба кӯдакону наврасон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дарм аркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад.
Чорабиниро намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Қутфинисо Раҳматова ва директори гимназияи №24 Замира Алиева натиҷагирӣ намуда, ба сатҳи баргузории он ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар ин чорабинии тарбиявӣ баҳои баланд доданд.
Зикр шуд, ки дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳияи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои стратегӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд