24 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори соли Тоҷикистон» - 2025” баргузор шуд.
Дар озмун 5 нафар довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд: Заррина Икромова, омўзгори фанни забони англисии литсейи ДДҲБСТ, Фарангис Қаҳҳорова, омўзгори фанни физикаи МТМУ №31, Мутриба Раҳмонова, омўзгори фанни забони англисии МТМУ №2, Зӯҳрохон Арифова, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва Нодира Шодиева, омӯзгори фанни забони давлатии МТМУ Руссияю Тоҷикистон бо омӯзиши фанҳои амиқ ба номи А.Чехов бо ҳам рақобат намуданд.
Довталабон маҳорати педагогӣ ва эҷодии хешро ба ҳайати ҳакамот муаррифӣ намуданд. Доварон ҳамчунин аз рӯйи шартҳои кор кор бо тахтаи электронӣ, саволу ҷавоб доир ба ихтисос ва раванди таълим, сифати баргузории соати тарбиявӣ, маҷлиси синфӣ ва ғайра ба сатҳи маҳорат ва дониши иштирокчиён баҳои воқеъӣ доданд.
Таъкид шуд, ки ҳар сол чун анъана баргузор шудани озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон» рамзи эҳтиром, гиромидошти садоқати бепоён ва нақши босазои омўзгор дар таълиму тарбияи шоистаи насли наврас мебошад.
Ҳадафи асосии озмун дарёфти омўзгорони эҷодкору навовар, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати касбии омўзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври аввали озмуни имсола, ки дар сатҳи баланд баргузор гардид, аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд 29 нафар ширкат варзида, 14 нафар ба даври дуюм, 10 нафар ба даври сеюм ва ба даври ниҳои 5 нафар роҳхат гирифтанд.
Иштирокчиён дар даври якуми озмун аз рўи кор бо компютер, ҷавоби дуруст додан ба саволҳои санадҳои мейёрӣ-ҳуқуқӣ, дарси озмунӣ аз рӯи ихтисос, маҷлиси падар модарон, соати тарбиявӣ ва муаррифии таҷрибаи корӣ бо ҳам рақобат намуданд.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озмунро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрўз мо аз даври ниҳоии озмун натиҷагирӣ карда, ғолиби ҳақиқии онро муайян сохтем. Мо омўзгореро интихоб намудем, ки саҳнаи озмуни шаҳрии «Омўзгори соли Тоҷикистон»-2025-ро зеб дода, фардо бо дастоварди шоиста дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ шарафи шаҳри Хуҷанди азизамонро ҳимоя намояд.
Ҳамин тавр, аз рӯи холҳои ба даст оварда, ғолиби даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии «Омузгори соли Тоҷикистон»- 2025, Нодира Шодиева, омӯзгори фанни забони давлатии МТМУ Руссияю Тоҷикистон бо омӯзиши фанҳои амиқ ба номи А.Чехов муайян карда шуд.
Нодира Шодиева ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт ва дар он ҷо маҳорату истеъдоди худро миёни ғолиби 18 шаҳру навоҳии вилоят месанҷад.
Ба иштирокчиён ва ғолиби даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон»- 2025 диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд