23 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии "Пирях - манбаи оби ширин " бо иштироки васеъи хонандагон баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки мақсади озмун татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълон гардидани " Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо" ва омодагӣ ба 35 солагии Истиқлолияти Чумхурии Точикистон мебошад.
Озмуни мазкур аз рӯйи шартҳои : "Беҳтарин видеоролик", "Кори меъмории беҳтарин", "Ҳимояи рисолаву рефератҳо" ва "Расми беҳтарин” баргузор шуда, дар он беш аз 80 нафар хонандагон бо ҳам рақобат намуданд. Муҳассилин аз руйи шартҳои номбурда эҷодиёти хешро муаррифӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар баробари ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд.
Имсол бо ташаббуси Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 21 март бори аввал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил гардид.
Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март) баланд бардоштани огоҳии аҳолии ҷаҳон дар бораи нақши муҳиме, ки пиряхҳо дар системаи иқлими Замин мебозанд, мебошад. Он минбаъд ҳамасола дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии об (22 март) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи он аз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои бо ҳам алоқаманди дастрасии об, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо иборат буд.
Пиряхҳо тақрибан 70% обҳои тозаи ҷаҳонро дар бар мегиранд. Онҳо нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим мебошанд, зеро одатан дар шароити муътадили иқлим об намешаванд. Ҳоло, бинобар гармшавии глобалӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии антропогении иқлим ба вуҷуд омадааст, майдони онҳо бо суръати бесобиқа коҳиш меёбад.
Дар ҷамъбасти озмун аъзои ҳакамон ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, аз рӯи номинаи "Беҳтарин видеоролик" Мактаби русии ба номи А. П. Чехов, гимназияи №13 ва мактаби хусусии “Дониш” мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар номинаи “Кори меъмори беҳтарин” гимназияҳои №13, “Кавсар”, “Гулчини маърифат”, литесейҳои ДДҲБСТ ва литсейи донишкадаи политехникӣ ғолибият ба даст оварданд. Дар номинаи “Ҳимояи рисолаву рефератҳо " мактаби русии А. П. Чехов, литсейи ДДҲБСТ, мактаби таълимии давлатии барои хонандагони болаёқат, МТМ№6 дастболо шуданд. Дар номинаи "Расми беҳтарин” МТМ№22, 19, литсейи №1 ва мактаби хусусии Пӯлотов мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Ғолибони даври шаҳрӣ ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд