19 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Баъди нашри маводи интиқодии шаҳрванд Рухшона Алимҷонова оид ба муносибати ронандаи хатсайри №113-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-шаҳри Хуҷанд, рақами давлатиаш 4678 ТТ 06, ки дар шабакаи иҷтимоӣ нашр гардид, он аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки ронандаи хатсайри №113-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-шаҳри Хуҷанд, рақами давлатиаш 4678 ТТ 06, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Т. У. ки мебоист мусофиронро бо охирон нуқтаи хатсайр, яъне истгоҳи воқеъ дар микроноҳияҳои 14-15 мебурд, нарасонда, бо сабабҳои оилавӣ ва тангии фурсат як қатор мусофиронро аз истгоҳи ШБДА фароварда,аз пайи кори худ мегардад. Бо ин кирдораш ронанда Т,У. талаботи мусофиркашониро дар хатсайр дағалона вайрон намуда, ба ин васила як қатор мусофиронро дар ними роҳ сарсону саргардон мондааст.
Ҳамин тариқ аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд вазъи ҳолати кор аз ронандаи хатсайри №113-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-шаҳри Хуҷанд, рақами давлатиаш 4678 ТТ 06 пурсида шуда, аз номбурда баёнот гирифта шуд.
Тибқи талаботи қисми якуми моддаи 323-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ронандаи мазкур прокотоли ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз номбурда ҷарима ситонида шуд.
Зимни суҳбат ронанда Т. У. аз амалкарди худ пушаймонии хешро изҳор дошта, таъкид намуд, ки бинобар хасташавии асаб ва сабабҳои оилавӣ ба чунин амал даст задааст. Аз дигар ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳаргиз чунин кирдорро содир накунанд, зеро ҳар яке амалеро подошест, бахусус агар ҳуқуқи нафари дигареро поймол созанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд