19 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 18-уми апрели соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси фаъолон баргузор шуд ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 баррасӣ гардид.
Дар баробари таҳлили бурду бохти фаъолони вилоят дар охир аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола" мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Боиси хушнудист, ки дар даври вилоятии фестивал-озмуни гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” шаҳри Хуҷанд дар миёни 18 шаҳру навоҳии вилоят барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги зебоипарастӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ сазовор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Диплом ва мукофотпулӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин дастовардро ба кулли меҳмонону сокинон ва кормандони ниҳодҳои гуногуни шаҳрдорӣ таҳният гуфта, ба тамоми соҳибкорону шахсони ватандӯст, ташкилоту муассисаҳо, ки дар вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ин гӯшаи назаррабои кишвар саҳмгузорӣ намуда истодаанд, изҳори сипосгузорӣ менамояд.
Воқеан ҳам, чанде қабл шаҳри зебою мунаввари Хуҷанд маркази баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ, мулоқоти Президентони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мубаддал гардид. Бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзои санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се мамлакат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ маҳз дар шаҳри Хуҷанд дар фазои идона ба имзо расид, ки ин созишномаҳо ба сулҳу субот ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷандро дар рӯзҳои тантанаҳои Наврӯзи байналмилал беш аз 1 миллион гулҳои ҳархела ва беш аз 300 ҳазор гули лола зеб бахшиданд.
Минбаъд низ мо дар якҷоягӣ бо заҳмати софилона ва якдилона шаҳри азизамон-Хуҷанди бостониро боз ҳам зебою мунаввар, дилрабо, муҷалло ва сафобахш хоҳем намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд