(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомооти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорону мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рўйи натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ давоми 3 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳр доир ба бурду бохти хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи солҳои охир дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, имкон дод, ки дар ин давра 13 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 65 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 7,5 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 315 адад расонида шавад. Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсол гардидаистода саҳми босазо гузошта истодааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 421,4 миллион сомонӣ расида, аз ин миқдор 88,6 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 123,0 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт таҳкими устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 109 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 201,0 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 16,0 млн. сомонӣ ё 8,6 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Илова бар ин, қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол карда 28 адад ё 15,1 банди фоизӣ зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 213 адад расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар самти зебою чароғонкунӣ низ корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр ба таври замонавӣ 1013 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 1,4 ҳазор метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуданд. Ба ғайр аз ин, 41 адад даромадгоҳҳо ва 7 адад лифтҳо аз таъмир бароварда шуда, ба масоҳати 1,5 ҳазор м2 таъмири боми биноҳо ба иҷро расонида шуданд.
Ҷиҳати кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди кўчаву хиёбонҳои протоколии шаҳр ба миқдори 4700 бех дарахтони сояафкани ҳамешасабз, 300 ҳазор дона пиёзаки гули лола, беш аз як миллион бех гулҳои ороишии ҳархела, 150 ҳазор адад буттагули садбарг ва 268 адад дарахти ороишии ҳамешасабзи магнолия бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, барои нашъунамо ёфтани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 20 июни соли 2022, №77 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи нақша чорабинии зикрёфта сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 788 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 83,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдшуда, 63 адади он ба соли ҷорӣ рост омада, аз онҳо 17 иншоот дар соҳаи саноат, 1 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 19 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 23 бинои истиқоматӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Муяссара Қаҳҳорӣ дар ҷараёни баромади худ доир ба фаъолияти дигар бахшҳои хоҷагидории шаҳр низмаълумоти муфассал дод.
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон, кор бо маҳаллаҳо ва ғайраҳо аз масъулини далдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби даствардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.
Зимни баррасии ҷодаи иқтисодиёт аз масъулини соҳаи саноат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти ширкату корхонаҳоро ҳамоҳангсозӣ намуда, барои иҷрои сифатноки нақшаи буҷет, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо андешанд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии мутахасисони ҷавон, риояи қонунгузории танзими расму оин, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.
Зимни баррасии мавзуъҳои матраҳгардида Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд бо таҳлилҳои амиқ ва ояндабинӣ фикру андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла афуд, ки дар оянда низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...