(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили “Муаллимаи хизматнишондодаи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Муқаддамхон Юсупова рафта, мавсуфро бо ҷашни 85 солагиаш табрику таҳният гуфт.

Фирдавс Шарифзода омӯзгори собиқадорро, ки беш аз 60 сол дар МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд кору фаъолияти педагогӣ дошт, аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.
Шаҳрдор гуфт, ки дар ҳаёти Шумо чун инсони меҳнатқарин, омӯзгори серталаб, мураббии даврон рўзҳои фаромўшношуданӣ хеле бисёранд ва ҳар яки онҳо ҳолномаатонро бо рангҳои назаррас муҷалло сохтаанд.
Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрўз зани қавиирода, фозил ва хушмуомила, бонуи фидокору ғамхор ва яке аз пешқадамтарин фаъолзанони шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ, устод ва мураббии ҳазорҳо омӯзгорон ҷавонон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд – Муқаддамхон Юсуповаро бо фазилатҳои нек ва корномаҳои бемисл бомуҳаббат ном мегирем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ҷашни 85 – солагии мавлудатон табрику муборакбод гуфта, бароятон дар ин рўзи неку фархунда тансиҳатии ҳамешагӣ ва саодати зиндагиро таманно менамояд. Ҳар як фарди солимфикру нексиришт Шуморо чун шахси меҳнатдўсту зафарпеша, зиндадилу шуҳратёр мешиносад ва арзи сипос менамояд, зеро бо меҳнати ҳалолу замири поки худ Шумо ба чунин соҳибэҳтиромиҳо мушарраф гаштаед.
Муқаддамхон Юсупова, ки солҳои тӯлонӣ ба сифати омӯзгор кору фаъолият дошту имрӯз даврони пирӣ меронад, соҳиби 4 фарзанд, 12 набера, 29 абера ва 5 чабера мебошад, аз ташрифи ногаҳонии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода хушнуд гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат расонд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...