14 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 13.04.2025 соати 16:00 дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои олии даври панҷум бозии футбол байни дастаҳои “Хуҷанд” ва Эсхата” сурат гирифт.
Қабл аз бозӣ Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии гурӯҳе аз сарпарастон бо ҳайати дастаи “Хуҷанд” ва роҳбарияти клуб мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои дастаи “Хуҷанд” мубодилаи афкор сурат гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода аз бозингарон даъват ба амал овард, ки бо дили пур ва хотири ҷамъ танҳо барои ғалаба кӯшиш намоянд ва барои ин тамоми имконот фароҳам оварда шудааст. Дар бозии пешистода муваффақиятҳо таманно карда шуд.
Сипас бо мақсади рӯҳбаландии бозингарон аз ҷониби сарпарастон ба дастаи “Хуҷанд” 600 000 (шашсад ҳазор) сомонӣ маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда гардид. Бозингарон аз ин туҳфаи ғайричашмдошт ба ваҷд омада, ваъда доданд, ки бозии имрӯзаро бо ғалаба ҷамъбаст хоҳанд намуд.
Соати 16:00 бозӣ оғоз гардид. Баробарии қувваҳои “Хуҷанд” ва “Эсхата” ба мушоҳида мерасид. Ҳатто дар чанд маврид бозингарони “Эсхата” кӯшиши рахна намудани дарвозаи “Хуҷанд”-ро намуданд. Хушбахтона маҳорати дарвозабон ба он монеъгӣ намуд.
Ниҳоят дар дақиқаҳои охирини қисмати якуми бозӣ аз ҷониби бозингари №97-и “Хуҷанд”, нимҳимоятгар Сергей Сканян ба дарвози “Эсхата” гол ворид карда шуд.
Дар қисмати дуюми бозӣ ҳайати тими “Эсхата” фаъолнокӣ зоҳир намуда, ба дарвозаи “Хуҷанд” тӯб заданд.
Ин бозингарони тими “Хуҷанд”-ро маъюсу ноумед накард ва ниҳоят дар дақиқаи 90-уми бозӣ, бозингари №30 нимҳимоятгар Шӯҳрат Шоназаров бо истифода аз ҳолати мувофиқ ба дарвозаи ҳариф голи навбатиро ворид сохта, ғолибиятро комилро таъмин сохт.
Ҳамин тавр, бозӣ ба ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи “Хуҷанд” анҷом ёфт.
Бозии навбатии тими “Хуҷанд” санаи 18 апрел бо тими “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ пешбинӣ шудааст.
Алҳол дастаи “Хуҷанд” дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои олии даври панҷум дар қатори 8-ум қарор дорад. То ба имрӯз дастаи “Хуҷанд” дар 5 бозӣ соҳиби 6 хол шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд