14 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ #10-и шаҳри Хуҷанд бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, намояндаи шуъбаи амнияти миллии шаҳр - Олимҷон Сабуров ва намояндаи шуъбаи корҳои дохилӣ Ҷаҳонгир Ҳидоятов иштирок ва оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии аз ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, нашъамандӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ғайра маърӯза намуданд.
Баромадчиён ҳамчунин дар бораи пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати тарбияи хуби ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии онҳо бетараф набошанд ва дар давраи сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми босазои худро гузоранд.
Қайд гардид, ки Артиши миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимтарини муташаккил маҳсуб шуда, асоситарин пояи давлату миллати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин мақоми ҳарбӣ аз замони таъсис то ин муддат собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устуворона қадам мегузорад. Ҳамин аст, ки сол то сол масъулияти ҷавонон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ афзуда, шумораи наваскароне, ки бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ — Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, меафзояд. Зеро онҳо амиқ дарк намудаанд, ки ояндаи миллат ба хизмати содиқона ва ҳифзи марзу буми Ватан вобаста аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд