12 Апрел 2025
Имрӯз, 12 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор гардид.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Федератсияи футболи вилоят, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарордод ба ҳайати дастаи “Хуҷанд” бозигарони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, онҳо омодагии ҳамаҷониба мебинанд, то дар мавсими ҷорӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб шаванд.
Бозӣ бо дастаи “Истаравшан” қаноатбахш арзёбӣ гардида, ба рақобате, ки санаи 13.04.25. бо дастаи “Эсхата” сурат мегирад, дастурҳои мушаххас дода шуд.
Зимни баррасии фаъолияти клуб барои ҳалли бархе аз мушкилоти мавҷудаи дастаи “Хуҷанд” ба масъулин супоришҳо дода шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки дастаи футболи “Хуҷанд” бо истифода аз имконот ва дастгириҳои доимӣ бо бозиҳои ҷолиб мухлисонро шод намуда, мавсими имсоларо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда, яке аз беҳтарин дастаҳои мамлакат муаррифӣ хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд