02 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
2 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилоят, Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор гардид.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.
Соли равон аз вилояти Суғд се даста – “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Эсхата” дар Лигаи олии футболи мамлакат иштирок мекунанд.
Ба ҳайати дастаи “Хуҷанд” бозигарони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, онҳо омодагии ҳамаҷониба мебинанд, то дар мавсими ҷорӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб шаванд.
Зимни баррасии фаъолияти клуб барои ҳалли бархе аз мушкилоти мавҷудаи дастаи “Хуҷанд” ба масъулин супоришҳо дода шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки дастаи футболи “Хуҷанд” бо бозиҳои ҷолиб мухлисонро шод намуда, мавсими имсоларо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст менамояд.