01 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Зокирҷон Холов, наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми интихобот” иштироки фаъолона намуда, мақоми аввалро ба даст овард.
Бояд қайд намуд, ки Зокирҷон Холов, иштирокчии таҳти рақами 57 аз шаҳри Хуҷанд, бо маҳорати эҷодӣ, ифодаи равшани ғояҳои ватандӯстона ва пешниҳоди пурмазмуни навор ҷойи аввал
-ро ба даст овард.

Озмуни мазкур, ки бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ба муносибати Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои халқӣ баргузор гардид, иштирокчиёни зиёдеро аз тамоми ҷумҳурӣ ҷамъ овард. Дар он беҳтарин наворҳо, ки бо муҳтавои пурмазмун, пешниҳоди касбӣ ва таъсиргузории амиқ фарқ мекарданд, мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтанд.
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд зимни як ҷаласаи роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар вилояти Суғд ғолибонро таҳният ва мукофотҳоро тақдим доштанд.
Муборак шавад, Зокирҷон Холов!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд