15 Март 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар варзишгарони касбӣ ва мардуми касбу кори гуногун бо мақсади пуршукӯҳ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” ва веломарафон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳии он, ки дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба як маркази муҳими чорабиниҳои варзишӣ табдил меёбад. Дар доираи таҷлил аз ин иди бостонӣ, мусобиқаи байналмилалии Дави дӯстӣ ва веломарафон бо иштироки дастаҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуда истодааст.
Ба гуфтаи масъулин, чорабинии варзишӣ на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо мусоидат менамояд, балки барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва аҳолӣ нақши муҳим мебозад.
Мусобиқаи "Дави дӯстӣ" ва веломарафон бо иштироки дастаҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Варзишгарон ва дӯстдорони варзиш аз се кишвар бо рӯҳияи баланди рақобат ва ҳамбастагӣ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, масофаҳои муқарраршударо тай карданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳои хотиравӣ, медалҳо ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Мақомоти варзишӣ изҳори умед карданд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ бо шукӯҳу шаҳомати бештар баргузор хоҳанд шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд