(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагӣ» баргузор шуд. Нахуст суханҳои хикматомези Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан ва модар ба аҳли толор пешниҳод гардид.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Амирҷон Нурзода донишҷӯдухтарон ва бонувони муассисаи таълимиро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи модар рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан – модар то имрўз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанўз дар аввалин китобҳои мардуми кўҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдўст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рўйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ў оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад».
Дар ҳамоиш Шаҳванди фахрии Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Гулноз Тоҳириён иштирок намуда, оид ба бузургии Модар сухан ронда, таъкид доштанд, ки модари тоҷик, ки дар тўли асрҳо ба инсоният ҳазорон алломаву нобиғаҳо додааст, сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домони покаш парваридааст, имрўз ва оянда низ қудрат дорад фарзандоне ба дунё орад, ки номбардорони аҷдоди худ бошанд. Занону модарони оқилу бономуси мо ҳалқаҳои заррини пайванди гузашта бо имрўзу ояндаи миллати кўҳанбунёди мо ҳастанд. Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз «Алла»-и ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.
Шоир Гулноз Тоҳирӣ аз тозачакидаҳои ашъори худ ба ҳли нишаст қироат намуд, ки боиси фараҳмандии аҳли нишаст гардид.
Раиси кумитаи иттифоқи касаба Мӯнисахон Умарова кулли бонувони муассисаро бо ҷашни Рўзи Модар таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки ғамхорӣ нисбати занон ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда мунтазам дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими фаъолияти имрўза гардидааст. Ҳамзамон ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо таҳти таваҷҷўҳи мақомоти иҷроия қарор дода шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдатӣ миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.
Дар ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти муассиса омўзгорони фаъол бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар барномаи фарҳангӣ аз тарафи донишҷўёни муассисаи таълимӣ шеъру сурудҳо дар васфи зан ва модар пешкаш гардид.
Ҳунармандони мумтоз Ҳилолиддин Шамсиев ва Аловиддин Бобоҷонзода ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...