02 Март 2025
Субҳи имрӯз дар қатори дигар шаҳрвандон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ низ ба участкаи интихоботии №13-и интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки дар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, бо аҳли оила ва пайвандонаш ҳозир шуда, ба номзади арзанда райъи худро доданд.
Дар участкаи интихоботии мазкур иштироки фаълонаи мардум чун дар дигар участкаҳои интихоботӣ ба чашм расида, сокинон бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, озодона дар сандуқи интихоботии шаффоф овози худро доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд