02 Март 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №53, ҳавзаи интихоботии Сирандуд №39 -и шаҳри Хуҷанд, ки дар бинои муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ташриф овард.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр дар баробари дигар сокинони маркази маъмурии вилояти Суғд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзанда райъи худро дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд