28 Феврал 2025
Дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъулин ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии шаҳрхои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Куҳистони Мастчох, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ширкат карданд.
Мавзӯи меҳварии ҷаласа "Амнияти иттилоотӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, усулҳо ва роҳҳои таъмини он" буд, ки дар он ширкаткунандагон аз Вазорату кумитаҳои чумхурияви, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони МИХД-и вилоят, роҳбарону омӯзгорони донишгоҳу муассисаҳо, фаъолони шаҳрвандӣ, вобаста ба як қатор масъалаҳои ҷомеа, сатҳи фаъолият маърифати истифодабарии техникаҳои иттилоотию иртиботии ҷахони муосир, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва роҳнамоии ҷавонон ба омӯзиши донишҳои замон, техникаву технология, пешгирӣ аз таблиғи ақидаҳои нодурусти гуруҳҳои ифротию иртиҷоӣ дар ҷомеа тавассути воситаҳои техникии муосир, тақвият бахшидани раванди фаъолияти мақомоти давлатӣ, сомонаҳои расмӣ, тарғиби пешрафту навовариҳо, пешниҳоди иттилои саривақтӣ, дақиқу ба ҷомеа манфиатовар дар сомонаҳо ва саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҷомеа дар давраи нави пешрафти техникаву технология мавриди назар карор гирифт.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату кумитаҷо натиҷаи таҳқиқ, омӯзиши вазъи ҷомеа, таҳлилу хулосаҳо, фаъолияти гуруҳҳои иртиҷоиро, ки тариқи технологияи навин, иттилои носаҳеҳ ба ҷомеа зарароварро бо роҳу воситаҳои гуногун паҳн менамоянд, бо овардани мисолҳо аз нооромиҳо дар як қатор кишварҳо, зарари он ба давлат ва халқи он, поин рафтани сатҳи иқтисодӣ, хатари аз байн рафтани кишварҳо намуна оварда, таъкид доштанд, ки баҳри пешгирӣ аз омилҳои ба амнияти миллату давлат зараровар, таъмини ҳаёти осудаи халқи кишвар ва ноил шудан ба ҳадафхои рушди бештари мамлакат вазифаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалисозии ҳадафхои нек калон буда, зарур шуморида шуд, ки Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияхо, аъзои он дар маҳалҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, истифодаи босамари технологияи навин корҳои тарғиботӣ тақвият бахшида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҷамъиятии Чумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ буда, масъалаву муаммоҳои мавҷудаи ҷомеа, дар якчоягӣ, ҳамохангӣ бо сохторҳои марбутаи давлатӣ ҳаллу фасл карда мешавад.
Ҷаласаи навбатиии сйаёри "Амнияти иттилоотӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, усулҳо ва роҳҳои таъмини он", ки дар шаҳри Хучанд доир шуд, ширкаткунандагон хамаи масъалаву мушкилоти вобаста ба амнияти иттилоотӣ, усулҳо, пешниҳодҳо ва роҳу воситаҳои минбаъдаи фаъолияти якҷоя, пешниҳоди ирсолшуда аз чониби аъзои Шӯро, ҷомеаи шаҳрванди таҳлил карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд