26 Феврал 2025
Имрӯз дар майдони назди Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ғолибони Чемпионати байналмилалии ба номи Умарбек Эҳсонов, ки санаҳои 20-24-уми феврали соли равон шаҳри Арали Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифта буд, иштирок намуда, бо руҳияи баланд ба Ватан баргаштанд, масъулини соҳа ва устодону собиқадорон ва волидайн бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ истиқбол намуданд.
Бахтиёр Исматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Фирӯз Азимҷонов, раиси Федератсияи бокси вилоят муштзанонро бо ин дастоварди назаррас аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Федератсияи бокси вилоят таҳният гуфта, барояшон дар мусобиқаҳои минбаъда барору зафарҳои нав таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати байналмилалии ба номи Умарбек Эҳсонов, ки санаҳои 20-24-уми феврали соли равон байни наврасони соли таваллудашон 2009-2010 дар шаҳри Арали Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, аз Федератсияи Руссияи, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон боксчиён иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар иштирок намуда, 6 медал: 2 медали тилло ва 4 медали биринҷиро ба Ватан оварданд. Аз ҷумла, аз шаҳри Хуҷанд 3 нафар варзишгар иштироки фаъолона намуда, 1 медали тилло ва 2 медали биринҷиро соҳиб шуданд.
Беҳруз Умаров ба ҳарифонаш аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ғолиб шуда, дар даври ниҳоӣ рақиби худ аз Федератсияи Русияро низ шикаст дода, соҳиби медали тилло шуд.
Фирӯз Бойматов ва Беҳруз Охунов дар ин мусобиқа соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
Бояд қайд намуд, ки варзишгарони мазкур дастпарвари мураббӣ оид ба бокси Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №3”-и шаҳри Хуҷанд Саидхӯҷа Маъмуров мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд