25 Феврал 2025
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2025, №АП-713, ва дар асоси низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси вилоят аз 10 феврали соли 2025,№39 ва қарори Раиси шаҳр бо мақсади ташвиқи тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифи фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор,
сўзанидўзиву гулдўзии матоъҳои миллӣ намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони шаҳри Хуҷанд санаи 19 феврали соли 2025 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осмӣ дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар фестивал тарроҳон ва дизайнерон аз донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касби иштирок намуда соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар охири чорабинӣ барои ғолибон ва кўдакон тўҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин навъи гуногуни сўзанидўзӣ» ҷойи аввал насиби Мавҷуда Набиева гардид. Ҷойи дуюмро Муҳаббат Раҳмонова ва ҷойи сеюмро Мафтуна Пўлотова ба даст овардананд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин либоси қадима» мақоми аввал Азиза Ахмедова, ҷойи дуюм Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюм Мафтуна Пўлотова гардиданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин либоси Идона ва маросимӣ»
Мақоми аввалро Нигина Шарифбоева ба даст овард.
Дар номинатсияи «Беҳтарин либоси рўзмарра» ҷойҳои якум ва дуюмро Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд.Мақоми сеюмро Зебунисо Ҳалимова ба даст овард.
Дар номинатсияи “Расмӣ”
Ҷойи якум Матлуба Ниёзова, ҷойи дуюм Матлуба Ғаффорова ва ҷойи сеюмро Зебинисо Абдуҳамидова соҳиб шуданд.
Дар номинаи “Кўдакона” ҷойи якум Марямхон Ғаффорова, зинаи дуюм кӯдакистони №18 ва мақоми сеюмроМТТ№20 ба даст оварданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд