24 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар руҳияи далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, шинос намудани толибилмон ба дастовардҳои замони Истиқлолият, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, дарёфти истеъдоди насли наврас, муайян намудани маҳорат ва малакаи расомӣ, дастгирии истеъдодҳои наврасон ва даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд
ва Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти Конститутсионии “Сипари сулҳ” имрӯз 24 феврали соли 2025 дар Арт Галереяи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Рассомони ҷавон» байни хонандагони мактабҳои рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ» бахшида ба 32 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев, намояндаи бахши бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ҷӯразода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти Конститутсионии “Сипари сулҳ” Фахриддин Ахмедов, иштирокчиёни озмун, устодон ва падару модарони рассомони ҷавон иштирок доштанд.
Сараввал, маҳсули дасти рассомони ҷавон ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон аз он боздид ба амал оварданд. Аён гардид, ки наврасону ҷавонон бо як маҳорати хосса расмҳои гуногунро бахшида ба Артиши миллӣ ва дигар муқаддасоти Тоҷикистонро тасвир намуданд.
Сипас, дар ҷамъбасти озмун баромадчиён аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, баён доштанд, ки маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду нумуъ қарор дошта, марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони низомӣ имрўз Артиши миллии Тоҷикистон аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи пиёдагарди минтақа ба ҳисоб меравад, ки 32 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шудааст. Қайд гардид, ки имрӯз мо бояд ба қадри сулҳу оромии Ватани маҳбубамон расем, ва сари таъзим фуруд орем, назди онҳое, ки дар ҳифзи Ватан ҷонбозиҳо намуда, бо меҳнати софдилона Тоҷикистонро ба як гӯшаи биҳишосо табдил додаанд.
Дар ҷамъбаст ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 3, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, якчанд нафар иштирокчиёни барқароркунандагони сохти Конститутсионӣ бо сипосномаю тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.
Бо ҳамин чорабинӣ ҳусни хотима ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд