24 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 32 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, собиқадорони ҷанги интернатсионалист, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорони фанни таъриху хонандагон иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи синфҳои 10 ва 11-и ин муассисаи таълимӣ бо ҳам аз рӯйи шартҳои рӯзномаи деворӣ, фаъолияти командир, сафороӣ, ёрии аввали тиббӣ, ҷаҳидан бо арғамчин, аз ҷой ба дарозӣ ҷаҳидан, тирандозӣ, ба қисмҳои ҷудо ва ҷобаҷонкунии силоҳи оташфишонии тамғаи «Калашников», сангбардорӣ, турниккашӣ ва ғайраҳо қувваозмоӣ намуда, маҳорати хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳайати ҳакамот маҳорати намоишдодаи дастаҳоро таҳлил намуда, баҳоҳои хешро гузоштанд. Ба ғолибон тӯҳфаю ифтихорномаҳои литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ва Ҷоми мусобиқа тақдим карда шуданд.
Сарвари литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева баргузор гардидани чунин мусобиқаҳоро ба манфиати умум, хусусан дарси беҳтарини худшиносиву мардонӣ арзёбӣ карда, аз ҷумла зикр дошт, ки «Имрӯз наврасону ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён вобаста мебошад».
Таъкид шуд, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркўб намудани ошўбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд