24 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати меҳанпарварона баргузор гардид.
Сипас аз ҷониби 14 адад дастаҳои қисмҳои низомии аз рӯйи номиннатсияҳои хорсароён ва компазиатсия адабӣ бо сароидани сурудҳои ватандӯстона рақобат оғоз гардид.
Масъулини шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд таъкид доштанд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.
Баргузор гаштани Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бедор гаштани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастии ҷавонон заминаи воқеӣ гузошта, изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқ-лолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот ҷойи аввалро қисми низомии 03377 комендатураи ҳарбии горнизони вилояти Суғд, мақоми дуюмро қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилаи РВКД дар вилояти Суғд, ва ҷои сеюмро қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ ба даст оварданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд