23 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар 4 мавзеъи хиёбони Исомили Сомониии шаҳри Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти нодири шашметраи Магнолия шинонида шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор оид ба сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози гулзоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилал ва ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парваришу нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Воқеан ҳам имрӯзҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд маъракаи густурдаи ободонӣ дар авҷ буда, шаҳрдорӣ, идораву ташкилот, маҳаллаҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногун бо ҳисси баланди зебоипарастӣ ҷойи кор, макони зист ва кӯчаву хиёбонҳоро хуррам гардонида истодаанд. Зеро ҳамагон медонанд, ки анҷом додани корҳои ободонӣ ба манфиати умум буда, зиндагии эшонро рангину шоиста мегардонад.
Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик боз 100 адад ниҳолҳои Магнолия аз кишвари Италия вориди шаҳри Хуҷанд шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд