9146
(0 голоса, среднее 0 из 5)
22 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.

АРТИШИ МИЛЛӢ – ҲОМИИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН
Собиқадорони Артиши миллӣ!
Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ!
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус дода, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиши миллӣ бо мутахассисони касбӣ таваҷҷўҳи беандоза зоҳир мекунанд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.
Имсол ба таъсисёбии Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоли мо 32 сол пур шуд. 23-юми феврали соли 1993 дар қаламрави кишвар Рўзи Артиши миллӣ эълом гардид ва аз ҳамон вақт то ин дам Рўзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо тантанаву эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил мегардад. Миллати тоҷик афсарону аксарон, сарбозону собиқадорон ва умуман, кулли ҳомиёни ватанро дар ин санаи муборак қадр мекунад ва хизматҳои шоёнашонро дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол шоиста медорад. Бешак, дар фосилаи ин солҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мактаби бузурги ватандорӣ, оини ҷавонмардӣ, пойдевори тарбияи ҳарбӣ–ватандўстии насли наву далери тоҷик гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати-ашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд, ки “...ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгўй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти поя-ҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад...”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳа ин нуктаи муҳими дастури Пешвои миллатро вазифаи аввалиндараҷаи хеш медонанд. Зеро “...хизмат кардан ба Ватан, аслан хидмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад”.
Вазъияти зудтағйирёбандаи ҳарбӣ–сиёсии ҷаҳони муосирро Ҳукумати мамлакат ба назари эътибор гирифта, ба таъмини моддиву техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки ҳамаи қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизот ва техникаи зарурӣ таъмин буда, сафи ихтиёриёне, ки бо ташаббуси худ ба коммисариатҳои ҳарбӣ омада, омодагии хешро барои адои қарзи шаҳрвандиву фарзандӣ ифода мекунанд, зиёд гардида истодааст.
Дар қонуни асосии мо – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоб ва шуҷоату диловарӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо сабақи ҳаёту мардонагӣ, муҳофизат намудани Ватанро меомўзанд.
Артиши миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат имрўз бо мутахассисони донишманду соҳибмалака, дорандаи касбияти баланду ҳувияти миллӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба Артиши тавоно ва нерўи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Мардуми шарифи тоҷик дарк намудааст, ки имрўз Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти баланди ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва зери ҳимояи он ва сулҳу ваҳдати комил ҳаёти осоишта мебарад.
Сивудуюмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ҳамаи шумо, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, ба тамоми ҳамшаҳриёни азиз муборакбод мегўям. Бароятон тандурустиву рўзгори обод, осмони софу беғубор ва дар ҳифзу ҳимояи ин хоки аҷдодӣ шуҷоату далерӣ, сарбаландиву муваффақиятҳои зиёд орзу мекунам.
Ид муборак, ҳомиёни Ватан!