21 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар кӯдакистони хусусии "Дилоро"-и шаҳри Хуҷанд чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ байни тарбиятгирандагони гуруҳҳои омодагӣ ба мактаб, бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ таҳти унвони "Мо ҳимоятгарони ояндаи Ватан" ташкил ва баргузор гардид.
Тарбиятгирандагон дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, Модар шеъру сурудҳои ҷолиб ироа намуда, байни ҳам мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ гузарониданд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ дар вуҷуди кӯдакон тарбия намудани ҳисси ифтихору эҳтиром ба Ватан, ба муқаддасоти он, бедор намудани ҳиссиёти содиқона муҳофизат намудани марзу буми Ватан мебошад.
Дар чорабинӣ мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Масъуда Ҷабборова ва мамъурияти муассисаи таълимӣ иштирок намуда, ба сатҳи баргузории маҳфил баҳои баланд доданд.
Дар анҷоми маҳфили идона аз ҷониби маъмурияти кӯдакистон ба иштирокчиёни мусобиқа туҳфаҳо тақдим гардид.
Мураббиён кӯдакистони хусусии "Дилоро" дар фаъолияти рӯзмарраи хеш ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тарбиятгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, фарзанди содиқи Ватан будан, тарбияву ба камол расонанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд