21 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзуъи “Мубориза бар муқобили падидаҳои номатлуб-кори дастҷамъист” баргузор шуд.
Дар мулоқот Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси вилояти Суғд, Замира Мансурӣ, муовини Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Киромиддин Мухторзода ва Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки мулоµоти имрўза, ки ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи худшиносиву ватандўстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ, мо бояд дар ин самт корҳоро ҷоннок намоем ва баҳри расидан ба муваффақиятҳои созандагӣ қадамҳои устувор гузорем.
Зикр гардид, ки вақтҳои охир дар шароити мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон масъалаи ҳифзи Ватану миллат боз ҳам муҳимтар гардида аз ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат зиракии сиёсиро талаб мекунад. Падидаи номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин хатари паҳн гардидани ифротпарастию терроризм мебошад. Вобаста ба ин ҳушёрӣ ва тафаккури мантиқӣ метавонанд моҳияти муҳим дар муқобила бо вазъиятҳои хатарнок дошта бошанд. Айён аст, ки дар зиндагии ҳаррӯзаамон, мо бо муаммоҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем ва он метавонанд хавфҳои ҷиддиро ба бор оранд. Дар чунин шароит, ақли солим ва қарорҳои огоҳона метавонанд на танҳо ба пешгирии хатарҳо кӯмак кунанд, инчунин ба мо имкон медиҳанд, ки бо вазъиятҳои душвор бо усули ниҳоят саҳеҳу дақиқ ва масъулиятшиносона рафтор кунем.
Дар робита бо ин чанде пеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин таъкид доштанд, ки «тамоми мардуми мамлакат, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».
Имрӯзҳо дар ҳақиқат суханони мазкур аз ҳарвақта зарурати худро таҷассум менамоянд. Ваҳдат ин муҳимтарин омилест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик самараи ниҳоят пурарзишеро ба миён овард. Дар ин самт моро зарур аст, ки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тамоми давру замон миллати тамаддундору соҳиби фарҳангӣ бойу ғанӣ буданд. Рисолати фарҳангдорӣ дар таърих роҳи бисёр тӯлониро тай намуда, мушкилоти зиёдеро паси сар намуд. Вале дар ин самт ҳеҷ гоҳ шикаст нахурд, баръакс беҳтарин фазилатҳои инсонпарварӣ, меҳанпарастӣ, забондорӣ ва дӯстиро муҳофизат намуда, гиромӣ дошт.
Бо вуҷуди ин ҷиҳати ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нопоки худ расидан барҳе ҳаракату равияҳои экстремистӣ зери сарпарастии хоҷагони худ ҳастанд ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони дигарро ба доми худ кашиданӣ мешаванд. Тавассути чунин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар ин росто аз маълумоти оморӣ ба назар мерасад, ки ҳоло сомонаҳои зиёди ифротгароиву террористӣ фаъолият дошта, бо амалҳои зишту нопокӣ худ ҷавононро гумроҳ ва бозичаи дасти худ карданӣ мебошанд.
Бидуни ин боз ашхосе аз берун пайдо шудаанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари мардуми мо ва кишвари ободамон ҳар гуна бӯҳтону суханҳои аз ҳақиқат дур ва афсонаҳои бардурғро мегўянд. Набояд пайи ин маъниҳо ва муаммоҳои беасос рафт. Нисбати масъалаи зикргардида роҳи асосии ин тарбия намудани ҷавонон ба роҳи рост ва созандагию ватандӯстӣ ин тарбияи хуби оила, дониши баланд ва меҳнатдӯсти ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Доир ба ин Пешвои миллат иброз намудаанд, ки «падарони муҳтарам, модарони азиз, ба насли нав, ба наврасон, ба кӯдакон, ба наврасону ҷавонон шароит муҳайё намоед ва имконият диҳед, ки хонанд, илм омӯзанд, касб омӯзанд, ҳунар омӯзанд, то дар оянда ин Ватани биҳиштосоро соҳибӣ карда тавонанд».
Имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонони соҳибмаърифат, донишманду боистеъдод дар муассисаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил доранд ва шумораи зиёд дар соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият менамоянд. Дар ин замина мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият тарбия ёфта, барои пешравӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии худ кору фаъолият доранд.
Ҷавонон пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар раванди баланд бардоштани тафаккури илмии касбии худ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дошта бошанд. Воқеан фаромӯш набояд кард, ки ҷавонон ќувваи бузург ва давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва суханњои по дар њаво гуфтаи ашхоси номатлуб нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои ин зуҳурот муҳим мебошад. Нисбати масъалаи зикргардида метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат намоянд, ки таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ҷомеаи солими ватани азизамонро мебояд, ки бар зидди ин хатари чаҳонӣ муборизаи беамон баранд, ки ҷавонон қувваи асосии пойдории сулҳу оромии ватан ва мустаҳқамии он мебошанд. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайри имкон аст. Пешгирӣ кардан наврасону ҷавонон аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад. Дар робита бо ин ҷавонони солимфикри тоҷик бояд аз ҳар гуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф буда, холисона ва ба манфиати миллату давлати худ роҳи ҳақиқатро пеша намоянд ва барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри эъмори давлати ҳақиқии дунявию демократӣ ва ҳукуқбунёд кушишу талошҳои пайвастаро амалӣ намоянд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд