21 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Тарбияи меҳнатӣ дар кӯдакистон ин ҷалби кӯдакон ба намудҳои гуногуни фаъолияти меҳнатӣ, интиқоли малака ва малакаҳои меҳнатӣ, тарбияи муҳаббат ба меҳнат ва талабот ба фаъолияти меҳнатӣ асос меёбад. Вазифаи асосии тарбияи меҳнатӣ ин ташаккули муносибати дурусти кӯдакон ба меҳнат мебошад. Яке аз намуди тарбияи фаъолияти меҳнатӣ дар кӯдакистон ин худхизматрасонӣ мебошад.
Дар МТТ №23-и шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, машғулияти меҳнати дастӣ, маҳорати пухту паз ва дигар масоили тарбиявии кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
Имрӯз дар МТТ №23 машғулияти забономӯзӣ аз фанни забони англисӣ таҳти роҳбарии омӯзгори забони англисии муассиса Мастура Саидова бо маҳорати баланд ва ҷолиб гузаронида шуд.
Дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб машғулияти меҳнати дастӣ аз ҷониби мураббия Мубина Бобоҷоновабо санъати хоси кадбонугӣ гузаронда шуд, ки дар он кӯдакон фаъолона ширкат намуданд. Машғулияти пухтани кулчақандро дар гуруҳи миёна мураббия Тахмина Бобоҷонова бо кӯдакон гузаронд.
Ҳамчунин мураббияҳо Фотима Аюбова ва Роҳила Сатторова машғулиятҳои меҳнатию омӯзиширо бо маҳорати хоса ва санъати баланд ташкил намуданд, ки писанди тарбиятгирнадагон гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд