20 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Рӯзҳои 22 ва 23 феврали соли 2025 ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад.
Ярмаркаи мазкур бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии вилоят гузаронида хоҳад шуд.
Макони баргузории ярмарка назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ интихоб шудааст.
Сокинон метавонанд ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳоро аз ярмарка харидорӣ намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд