20 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
20 феврали соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли мардуми вилоятро ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки муҳимтарин ва арзишмандтарин меъёри ватандориву ватандўстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол - ин ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он ба ҳисоб меравад.
Агар ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб меравад, таваҷҷӯҳ намоем, равшан мегардад, ки он ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ - дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис ёфтааст.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд.
Тазаккур дода шуд, ки сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз аз он ифтихор доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя менамоянд ва халқи шарифи кишвар таҳти ҳимояи ин нерӯи қудратманд ҳаёти хурраму осоишта доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Имрўз тамоми ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмати ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардуманд ва ҳамчун нерўи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлат ва марзу буми кишвар тањти муҳофизати ҳушёрона ва зираконаи онҳо қарор дорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамоянд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин муовини вазири мудофиаи мамлакат Бобоҷон Саидзода аз номи вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода хизматчиёни ҳарбиро бо солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.