20 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ маҳфили ватандӯстӣ сурат гирифт.
Дар маҳфил доир ба Қувваҳо мусаллаҳи мамлакат, хизмат ба Ватан, садоқат ба Ватан, ҷоннисориҳо дар ҳифзи Ватан, ҳифзи ҳар як ваҷаби сарзамин ва ғайра шеъру суруд ва гуфторҳо ироа гардид. Саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.
Таъкид шуд, ки мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.
Маҳфили ватандӯстиро мудири шуъбаи таҳсилоти томактабии Раёсати маорифи вилоят Гулсара Тошматова ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин сарбозони қисми ҳарбӣ тамошо карда,ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба фаъолон Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд