18 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар литсейи донишкадаи политехникӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ маҳфили адабию фарҳангӣ таҳти унвони « Хизмат ба Ватан шараф аст» баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилалии вилояти Суғд Қодиров Муқимҷон, ҷанговарон Шерғозиев Усмонҷон, Каримов Абдурашид, Бобоҷонов Ҷумабой, лейтенанти калони Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Қодиров Р.Қ. ва якчанд намояндагони он, директори МДРИ-и шаҳри Хуҷанд Ёқубзода Д. ширкат варзиданд.
Хонандагони литсей бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ дар васфи садоқат ба Ватан, Артиши миллӣ ва сарбоз шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона қироат намуда, саҳначаҳои ҷолиберо аз ҳаёти аскарӣ пешниҳоди ҳамагон намуданд.
Директори литсей Машҳура Азизова сухан карда, ҳозиринро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ муборакбод намуда, қайд кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, сипари боэътимоди Ватан маҳсуб меёбад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи марзу буми худ истодагарӣ карда, ба ҷавонони бонангу номус ва родмардони шуҷои Ватан, ки дар ҳифзи он ҳастанд, мефахрад. Хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои ҷавонмардию муҳаббат ва садоқат ба Ватан буда, қарзи ҳар як фарзанди вафодори ин сарзамин аст.
Сипас, ҷанговарон низ ба сухан баромада, аз давраҳои аскарӣ ва иштирок дар муҳорибаҳо нақлҳо намуданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз хонандагони синфи 5 ба сафи Созмони хонандагон қабул гардида, варзишгарони литсей, ки дар якчанд мусобиқаҳои шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта буданд, қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд