18 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз ҳайати 28 нафараи тими футболи “Хуҷанд", аз ҷумла 22 нафар бозингар ва 6 нафар ҳайати ситоди мураббиён бо мақсади тамрин, гирифтани малака ва омӯзиш ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.
Ҳайати футболбозонро Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода гусел намуданд.
Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи Футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастгириҳои доимии Давлату Ҳукумат нисбати ба рушди соҳаи футбол, аз ҷумла афзуд, ки бо назардошти шароити мавҷуда ва нақшаҳои минбаъда бояд тими “Хуҷанд” дар мавсими имсолаи футбол бозии худро куллан дигар кунад ва роҳбарияти клубу мухлисон умедвориҳои зиёд аз ин даста дорем.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 10 рӯз тими “Хуҷанд" дар майдони сунъии Академияи футболи ба номи Одил Ахмедови шаҳри Тошканд ба тамрин, омӯзиш ва гирифтани малака машғул гардида, бо дастаҳои “Арал, “Сарду” ва Сурхон” Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозии рафиқона анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсолаи футбол ба тими "Хуҷанд” 8 нафар бозингарони нави ботаҷриба шомил гардидаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд