17 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №4-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки табиятгирандагони гуруҳи калони томактабӣ ба мактаб, таҳти роҳбарии мураббия Замира Эҳсонова бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Ҳифзи Ватан муқаддас аст!” баргузор гардид.
Дӯстрӯякон дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, сарбоз ва ғайра шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона ироа намуда, саҳначаи ҷолиберо аз ҳаёти аскарӣ пешниҳоди ҳамагон намуданд.
Таъкид шуд, ки хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои ҷавонмардию муҳаббат ва садоқат ба Ватан аст. Мутаассифона на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хизмат мекунад, нафароне ҳастанд, ки хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватан мисли модар ивазнашаванда аст, набояд ба он хиёнат кард ва онро дӯст бояд дошт. Хидмат ба Ватан миллат қарзи ҳар як фарзанди вафодори ин сарзамин аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд