14 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо иштироки собиқадорони интернатсионалист дар МТМУ №6 чорабиниҳои ватандӯстона баргузор гардид.
Хонандагон бо баргузор намудани чорабинии варзишӣ-ватанпарварӣ, фарҳангӣ ва мулоқот бо собиқадорони интернатсоналист ғояҳои ватандӯстонаро тарғибу ташвиқ намуданд.
Дар рафти чорабиниҳо таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ беҳтар шуда, дар ин радиф шумораи ҷавонони бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванда рӯ ба афзоиш дорад. Мо бояд ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон эътибори махсус зоҳир намоем ва мунтазам дар қисмҳои ҳарбӣ, ки рӯзи дарҳои кушод мегузарад, иштирок намоем. Дар доираи рӯзи дарҳои кушод ҷавонон ва волидони онҳо имкон доранд, ки бо шароити хизмат ва зиндагии аскарону афсарон аз наздик шинос шаванд.
Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд