13 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд №13” вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Маҳмудзода, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Замира Ӯлмасова, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Дилфуза Ғафурова, муовини директори МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд ва шахсони боэътимоди номзадон: Назира Ғаффорӣ – профессори ДДҲБСТ, Саноат Тиллохоҷаева- мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Сомон Бурҳонзода- корманди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Фаридуншоҳ Абдуллоев – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок доштанд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ Мунзифа Ҷабборӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд.
Вохӯриро муовини раиси ҳавза Нуринисо Комилзода ифтитоҳ бахшида, номзадҳоро ба интихобкунандагон шинос намуд ва аз ҷониби шахсони боъэтимоди номзадҳо шарҳи ҳоли ҳар як номзад ба самъи интихобкунандагон расонида шуд.
Сипас, номзадҳо барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ба номзади арзанда овози худро дареғ надоранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи давраи соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар баробари 6 ҳизбҳои сиёсии дигар рисолат ва масъулияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судманд ба роҳ монда меояд.
Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқ пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардонидани ҳокимияти мардум нақши бузург дорад.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ҷамъбаст гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд