13 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи нақшаи Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хуҷанд дар доираи мулоқот ва муаррифии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 вохӯрии судманди номзадҳои бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд №13” Илҳом Саидзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи мулоқотро шарҳ дод.
Сипас, шахсони боъэтимоди номзадҳо шарҳи ҳоли номзадҳоро ба самъи интихобкунандагон расонида, баён доштанд, ки иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда буданд, ки баргузории маъракаи интихобот марҳалаи нави созандаро дар ҷодаи таҳкими истиқлолият, рушди гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ғайра фароҳам хоҳад овард.
Баъдан, номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии худро шарҳ доданд.
Ҳамчунин, Мунзифа Ҷабборӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, доир ба барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба интихобкунандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд