(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти чойхонаҳо беҳтар карда мешавад.

Дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи таҳиянамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонии соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд тамоми  чойхонаҳои мавҷуда таъмиру азнавсозӣ шуда, дар 4 маҳаллаҳое, ки то ин дам чойхона надоштанд дар арафаи Наврӯзи имсола чойхонаҳои нав мавриди истифода қарор гиранд.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду маҳаллаи шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳои «Сари баландӣ» ва «Раззоқ» дидан намуд.
Дар маҳаллаи «Сари баландӣ» бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Ҷумъаев бинои истиқоматии 6 ошёна бо 15 ҳуҷра сохта шуда истодааст. Тибқи лоиҳа ҳучраҳои истиқоматии се хонагӣ барои шахсони ниёзманди маҳаллаи мазкур бо нархи нисбатан арзон,- 2 ҳазор сомонӣ барои ҳар як метрии мураббаъ фурӯхта шуда, барои беҳтар шудани шароити манзили 15 оилаи маҳаллаи мазкур мусоидат менамояд.
Ҳамчунин бо назардошти он,ки то ин дам дар маҳалла чойхона набуд, ошёнаи якум аз чойхонаи маҳалла иборат хоҳад буд. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки қисмати дигари бино барои ҳуҷраҳои кории Кумитаи маҳаллаи мазкур ҷудо карда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки то санаи 1 марти соли равон тамоми корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуда, бинои мазкур бо тамоми имкониятҳояш ба истифода дода шавад.
Дар маҳаллаи «Раззоқ» яке аз чойхонаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд «Чойхонаи Сари санг» амал мекунад. Ба ғайр аз он,ки ин макон барои фароғат ва иштирок дар маҳфилҳои гуногуни  собиқадорон ва пирони маҳалла хизмат мекунад, дар чойхона чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад. Ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки ҳоло бо қувваи сокинон ва фаъолони маҳалла чойхона ва мавзеи атрофии он таъмир ва азнавсозӣ мешавад. Барои ба макони маърифату фароғат табдил додани он то таҷлили ҷашни Наврӯз нақшаи мушаххас таҳия гардидааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон ба масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо назардошти дархости сокинон дастур дод,ки барои асфалтпӯш намудани як қисмати роҳи маҳалла дар якҷоягӣ бо худи фаъолони хоҳишманд, таъмири бинои маъмурии Кумитаи маҳалла, дастрас намудани ҷиҳозу ашёи зарурӣ барои беҳтар гаштани фаъолияти чойхона давоми як моҳ тадбирҳо андешанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...