11 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Таҳти чунин унвон дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд маҳфили бадеӣ-тарбиявӣ доир гардид. Дар ин маҳфил омӯзгорон ва хонандагони фаъолона иштирок намуданд. Ин чорабиниро хонандагони синфи 11 омода намуда ба аҳли шунавандагон пешниҳод намуданд.
Хонандагон дар мавзӯи инсонигарӣ, эҳтироми падару модар, донистани қонунҳо ва сазовори шоистаи пайрави Пешвои миллат будан, аз зиндагӣ таҷриба омӯхтан ва ҳамчун инсонҳои бомаърифат, маданият, донишманд тарбия ёфтан баромад намуданд.
Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои зикргардида видеороликҳо намоиш дода шуда, хонандагон оид ба ба намоиш фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чунин маҳфилҳо баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва эҳёи он, ҳамчунин пиёда сохтани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассиса идома дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд