11 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар боғи "Ғалаба"-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи Мақоомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин иқдоми экологӣ ҷавонон, кормандони сохторҳои гуногун, варзишгарон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Пайравони Пешвои миллат" фаъолона ширкат варзиданд.
Ҳадафи чорабинӣ ободу сабзгардонии муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳифзи табиат буд. Дар доираи маърака даҳҳо ниҳоли дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд.
Масъулини чорабинӣ таъкид карданд, ки ташкили чунин маъракаҳо на танҳо барои зебоиву тозагии шаҳр муҳим аст, балки дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба табиат ва муҳити зист нақши калидӣ мебозад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд