06 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати идома додани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ва ҳодисаҳои номатлуб санаи 5 феврали соли 2025 дар толори гимназияи №24 -и шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи “Суғдиён”-и шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабзода, намояндаи шуъбаи амнияти шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр даъват ба амал оварда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот фаъоллони маҳалла ба сухан баромада миннатдории худро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳнатҳои созанда ва бунёдкорона иброз дошта, шаҳрвандонро даъват ба амал овард, ки дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқ фаъолона ширкат варзанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд