04 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар мулоқоташон бо ҷомеаи футболи кишвар Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳолати варзишогоҳи “Спартак”-и шаҳр аз наздик шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки варзишгоҳи “Спартак” дорои 4500 ҷоий нишаст ва монитору дигар инфрасохтори зарурист. Рӯзҳои охир баҳри ободонию созандагӣ дар варзишгоҳи номбурда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷиҳати азнавсозии курсиҳои нишастгоҳ ба масъулин дастур дод. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ҷиҳати насби нурафканҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешида шаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд