04 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди сохтмони иншооти соҳаи маориф аз наздик шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди бинои иловагии муассисаи давлатии таълимии гимназияи #4-и шаҳри Хуҷанд аз 4 ошёна ва таҳхона, аз 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, бо назардошти фарогирии 960 нафар хонанда дар як баст то ҷашни Наврӯзи байналмилали соли 2025 сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Иқдом ва сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад.
Зимни шиносоӣ бо сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 ба масъулин дастур дода шуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода омода намудани иншоот чораҷӯӣ намоянд.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ баён гардид, барои фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар маҳаллаҳои 26-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фотеҳ Маъсумов ҷиҳати иҷрои супориши зикршуда сохтмони кӯдакистони замонавӣ барои 6 гуруҳи томактабӣ идома дорад, ки дар натиҷа ин муассисаи таълимӣ беш аз 140 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
Аснои шиносоӣ бо рафти корҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои босифат анҷом додани корҳо то рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалии 2025 ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд