03 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар ин муассисаи таълимӣ наздик 300 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаааст ва ба онҳо 30 омӯзгор сабақ меомӯзанд. Муассиса дорои 21 синфхона ва 4 ҳуҷраи корӣ буда, бинои мактаб дар асри 20 бунёд ёфтааст.
Ҳангоми боздид роҳбари вилоят иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд ва барои рушду инкишофи соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Зеро пешрафти ҳар як ҷомеа аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.
Пас аз шиносоӣ бо вазъи муассисаи таълимӣ ва бо назардошти зиёдшавии аҳоливу талабот ба мактаб ба масъулини соҳаи сохтмону меъморӣ барои омодасозии лоиҳаи бинои нави муассиса бо фарогирии то 4000 хонанда дар ду баст дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.