03 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори МТМУ№3-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо сокинони маҳаллаи “Масчиди савр”-и шаҳр доир ба масоили доғи ҷомеа баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷамшед Набизода - муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Олимҷон Сабуров, намояндаи КДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд ва намоянда аз ходимини дин иштирок ва баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки мулоқот дар асоси нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони шаҳр сурат гирифта истодааст.
Дар мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, иштироки фаъолони дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр - ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр даъват ба амал оварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд