03 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати идома додани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд
бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ва анъанаҳои номатлуб дар МТМУ 6-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби омӯзгорон, волидон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Манижа Насруллоева, намояндаи ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Б. Ҳазратқулов, намояндаи Маркази саломатии №2 М. Маҷидова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода иштирок ва доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд