31 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 бо иштироки Султон Раҳмонзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳа дар соли 2024 маърўза намуда, аз ҷумла афзуд, ки кормандони Марказ дар асоси талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ҳамарўза ҷиҳати дар сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ба ҳамаи норасогиву камбудиҳо ва мушкилиҳо нигоҳ накарда аз тарафи мутахассисони соҳаи санитарӣ то имрўз вазифаву ўҳдадориҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гузоштааст, софдилона иҷро карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи шуъбаи гигиенаи коммуналӣ дар соли 2024 нисбати шахсони масъули ба камбудиҳо роҳ дода протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон баҳри пешгирии бемориҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд.
Вобаста ба вазъи эпидемиологии аҳолии шаҳр ба бемориҳои сироятӣ иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонӣ мувофиқ ба талаботу меъёрҳои санитарӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Дар ҷараёни ҷаласа Султон Раҳмонзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, дар қатори дигар кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ дар соли 2024 фаъолияти пурсамар намуданд ва дар оянда низ барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият кардан ва бартарафкунии камбудию норасоиҳои фаъолияти худ чораҳо меандешанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд